Jump to content

Афлесун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афлесун
Дарахти мевадор. Испониё
Дарахти мевадор.
Испониё
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Citrus × sinensis (L.) Osbeck
Ареал
тасвир

Афлесун (лот. Cītrus × sinēnsis), пуртағол — дарахти ҳамешасабзи субтропикӣ. Аслан аз Хитойи Ҷанубӣ ва Ҳиндухитой аст. Аз 4 то 12 метр қад мекашад; сершохубарг, навдаҳояш рост, танаву шохааш хорҳои борик доранд.

Хусусиятщои ботаникӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргаш миёнаҳаҷм ё калони ҷилодор, чармгун, гирдаи нӯгтез, баъзан андак дандонадор, сабзи тира; навда ва баргҳои наврустааш сабзи кушод. Гулаш дуҷинса, сафед ва хуш­бӯй (бештар дар нӯги навда, баъзан дар бехи баргҳо танҳо ё ба бисёрӣ мешукуфад). Мевааш лӯнда, нокмонанд ё байзашакл, ҳаҷман калон ё миёна (вазнаш 200—480 г); пӯсташ сахт (ғафсиаш аз 1,8 то 6 мм), чармгуни равғанин, ҳамвор, ба гӯшт сахт часпидааст. Гӯшташ (тақрибан 75-80%-и меваро ташкил медиҳад) серобу ширин ё нордон, аз 8-13 пора иборат аст (ҳар пораи он бо парда пӯшонда шудааст); тухмаш фонашакл ё дарозрӯя. Баъзе навъҳояш бетухманд.

Меваи комилан расидаи афлесун то 88, 6 % об, 6,2-9 % қанд, 1,4 % ҷавҳар, 0,49 % намакҳои маъданӣ, 0,47 % клетчатка, 0,93 % мод­даҳои пектинӣ, 0,04 мг% витамини B1, 0,06 мг% витамини В2, 50-65 мг% витамини С, 0,75 мг% витамини РР, витаминҳои В, Р ва ғайра, пӯсташ то 75,93 % об, 7,96 % қанд, 0,22 % ҷавҳар, 0,67 % намакҳои маъданӣ, 3,49 % клетчатка, 4,74 % моддаҳои пек­тинӣ, 0,22 мг% витамини афлесун, 170 мг% витамини С, 1,27 мг% витамини РР, витаминҳои B1 ва В2 ва то 2 % равғани эфир дорад.

Хусусиятҳои шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Табибон мева ва афшураи онро ҳамчун воситаи иштиҳоовар, талхарон ва пасткунандаи фишори хун тавсия медиҳанд. Меваи Афлесун барои табобати атеросклероз, фарбеҳӣ, бемо­риҳои ҷигар, ниқрис нофеъ аст. Табибони халқӣ онро бо мақсади муолиҷаи захму яраи сироятёфта кор мефармоянд. Афшураи афлесун микробҳоро маҳв месозад. Моддаҳои пектинии таркиби он фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар намуда, барои пешгирии қабзият муфид аст. Истеъмоли зиёди афлесун ба луобпардаи меъда, рӯда ва гурдаҳо зиён дорад. Аз ин рӯ, онро барои беморони захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта, энтеритҳо, илтиҳоби рӯда, холетсистит, гепатит ва нефрит тавсия намедиҳанд.

Парвариши афлесун дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба Тоҷикистон ниҳоли афлесунро бори нахуст солҳои 1935—1937 оварданд. Вале он ба шароити иқлим мутобиқ нагашт. Парвариши афлесун асосан соли 1949 дар хандақҳои Стансияи таҷрибавии зироати субтропикии Вахш оғоз ёфт. Дар натиҷа навъҳои беҳтарини ба шароити водии Вахш мувофиқи афлесун рӯёнда шуданд. Олимони тоҷик аз 8 навъи афлесуни санҷидаашон 3 навъи беҳтарин — «Гамлин», «Неаполитанӣ» ва «Мессини»-ро барои парвариш тавсия карданд. Аз ҳар бехи онҳо то 14 кг ҳосил гирифтан мумкин (дарахти калон то 110—140 сентнер ҳосил медиҳад).

Навъҳои афлесун дар ҶТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҷумҳурӣ навъҳои дигари афлесун — «Первенес», «Лучший Сухумский», «Вашингтон навел» ва «Калабри»-ро низ мепарваранд. Дарахти афлесун (бештар аз 75 сол умр мебинад) назар ба дигар рустаниҳои ситрусӣ гармӣ, равша­нӣ ва намипарвард буда, барои муътадил сабзидани он ҳарор. бояд аз 10-12°С паст набошад. Давраи нашваш 220—240 рӯз. Дар ҳарорати — 2-3°С мева, — 6°С навда ва баргҳои навруста, дар — 8-9,5 °С дарахташро сармо мезанад

Парвариш ва зиёднамоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Афлесунро бо роҳи пайванд зиёд мекунанд; ба сифати пайвандтак лимуи Мейер истифода мешавад. Ниҳолҳои пайвандии афлесунро аз рӯйи тартиби 2,5 × 4 м ё З × 4 метр мешинонанд. Ба бехи афлесун вобаста ба хок ва синни дарахт ду нав­бат (40 % то гулшукуфт ва 60 % дар авв. инкишофи меваҳо) нуриҳои калийдор (60-120 грамм), селитраи аммиак (150—300 грамм) ва як маротиба суперфосфат (300—500 граммашро ба 10-15 кг пору омехта) меандозанд. Баъди ғунучини ҳосил, хоки зери дарахтонро нарм мекунанд. Дар кандак­ҳо парвариш кардани афлесун муфид буда, барои пурра расидани мева шароити мусоид фароҳам меояд. Шароити иқлими минтақаҳои субтропикаи хушки Тоҷикистон барои афлесунпарварӣ мусоид аст. Дарахти афлесун бештар аз касалиҳои гоммоз ва решатосак зарар мебинад.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.114 / С. Гулов
  • Маҳмадбеков С. Цитрусоводство в Таджикистане. Душанбе, 1978;
  • Рекомендации no возделыванию цитрусовых культур в Таджикской ССР. Душанбе, 1980;
  • Цулая В. П., Эшонқулов У. Э. Культура цитрусовых в Таджикистане. Душанбе, 1983;
  • Гулов С. М. Меваҳои гармидӯсти То­ҷи­кистон. Душанбе, 2008.